• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Баргузории амалиёти шартии «Микроавтобус»: Ҷаримабандии 1647 – нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт

Баргузории амалиёти шартии «Микроавтобус»: Ҷаримабандии 1647 – нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт

  Мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан ҷиҳати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар доираи иҷроиши Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи таъсис додани гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе» бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ як қатор рейду амалиётҳои пешгирикунандаро дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт роҳандозӣ карда истодаанд.
  Аз ҷумла, аз санаи 5-ум то 17 уми феврали соли ҷорӣ амалиёти мақсаднок бо номи шартии «Микроавтобус» ташкил ва гузаронида шуд. Тавре дар рафти ин амалиёти танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ маълум гардид, бештаре аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ба фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ машғул гардида, дар бештари маврид ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашон халал ворид сохта, боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳҳо мегарданд.
  Мавриди зикр аст, ки ҳангоми баргузории амалиёти мазкур нисбати 1647- нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт, барои бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан ва вайрон намудани шартҳои литсензионӣ ҳамзамон худсарона баромадан аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
  Чуноне дар рафти ин амалиёт ба мушоҳида расид, аз меъёри муқаррашуда зиёд савор кардани мусофирон аз ҷоиниби ронандагони воситаҳои нақлиёт боиси нигаронист. Нисбати чунин ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба таври қатъӣ огоҳонида мешаванд.
  Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо ҷомеа шаҳрвандӣ ва дигар бахшу хадамотҳои ёрирасон ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт чорабиниҳои профилактикиву маърифатӣ ва рейду санҷишҳои мақсаднок домо гузаронида мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin