• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии силсиладуздиҳои навбатӣ бо шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон
Ошкорёбии силсиладуздиҳои навбатӣ бо шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон

Ошкорёбии силсиладуздиҳои навбатӣ бо шикастани оинаи автомашинаҳои шаҳрвандон

  Дар натиҷаи баррасӣ ва мавриди омӯзиш қарор додани муроҷиат ва аризаҳои шикоятии шаҳрвандон оид ба шикастани оинаи автомашина ва аз дохили он мавриди дуздӣ қарор гирифтани маблағҳои пулӣ, телефони мобилӣ ва дигар ашёҳои арзишманд, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ахиран ду нафарро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.


  Инҳо, шаҳрвандон Салимзода Олим, соли таваллудаш 1995 ва Раҳмонов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 2000 истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлоб мебошанд, ки бо маслиҳати пешакӣ асосан шабона бо шикастани тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандон бо ин роҳ маблағ ба даст меоварданд.
  Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, номбурдагон баҳри ба даст овардани маблағу даромади муфт, дар назди биноҳои баландошёна аз беназорат гузоштани воситаҳои нақлиёти шаҳрвандон истифода бурда, ҳар шаб наздики 6 ё 7 автомашинаро мавриди ҳадафи ҷинояти худ қарор додаанд.


  Ин ду нафар дар содир намудани наздики 30 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 15 – ҳазор омониро ташкил медиҳад.
  Айни замон ин гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin