Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 54-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. Номбурда 5-уми декабри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар кӯчаи Ганчарови шаҳри Душанбе, ҳамроҳи писараш, ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ду нафар ноболиғон; писарбаччагони 17-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташон буда, ноболиғони зикргардидаро захмӣ намудаанд.

  Дар натиҷа, ҷабрдидагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Барои дастгир намудани нафари дигари гумонбари ин ҷиноят чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дошта, тафтиши ҳодисаи мазкур давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin