• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорёбии 20-ҳолати дуздии нерӯи барқ дар пойтахт
Ошкорёбии 20-ҳолати дуздии нерӯи барқ дар пойтахт

Ошкорёбии 20-ҳолати дуздии нерӯи барқ дар пойтахт

  Истифодаи мақсаднок ва оқилонаи нерӯи барқ аз сокинони кишвар масъулияти ҷиддиро талаб намуда, бо фаро расидани фасли зимистон баъзе шаҳрвандон ба ин масъала хунукназарона рафтор ва даст ба кирдорҳои ғайриқонунӣ мезананд.
  Масъалаи ташвишоваре, ки имрӯз нигарониҳоро ба миён овардааст, ин саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи қувваи барқ ва махсусан бо роҳи ғайриқонунӣ истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон мебошад, ки бо чунин амали худ ба буҷаи давлат таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
  Бо мақсади пешгирию ошкор намудани чунин омилҳои номатлуб аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт гурӯҳҳои корӣ оид ба рӯёнидани қарзҳои калони пулӣ аз ҳисоби корхонаю идора, хоҷагӣ ва муассисаҳо, инчунин ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ғайриқонунии истифодаи қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, санҷишҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.
  Аз тарафи гурӯҳои корӣ дар давоми сипаригардидаи соли 2018, дар умум 749 хонаҳои истиқоматӣ, корхона ва идораю муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чунин амалиётҳо 249 далелҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти риоя накардани низоми истифодаи қувваи барқ ва гармӣ, риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ва риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор ошкору муайян карда шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Гузашта аз ин, ба таври ғайриқонунӣ насб намудани ноқилҳои барқию истифодаи пинҳонии нерӯи барқ дар коргоҳу манзилҳои истиқоматии баъзе аз шаҳрвандон, зимни баргузории чорабиниҳои мақсаднок дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ муайяну ошкор карда шуданд.


  Аз ҷумла, зимни гузаронидани санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки шаҳрванд Тошева Сабоҳат Юлдошевна соли таваллудаш 1955 дар манзили истиқоматияш воқеъ дар кӯчаи Алачабофон хонаи 296 дар даруни ҳисобкунаки барқӣ ба таври дуздӣ аз ноқили якум ба қафои ҳисобкунанак автомат гузошта, ҳисобкунаки барқиро корношоям намуда, маблағи истифодаи қувваи барқро бе ҳисоб мондааст. Ҳангоми санҷиш маълум карда шуд, ки номбурда то ин замон ба буҷаи давлат ба маблағи 3 681 сомонӣ хисорот ворид намудааст, ки оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шуда, камбудии ҷойдошта бартараф карда шуд.

  Аз ҷониби гуруҳи корӣ дар ноҳияи Шоҳмансур низ истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ошкор карда шуд. Муайян гардид, ки шаҳрванд Орифов Ориф соли таваллудаш 1954 дар манзили истиқоматияш воқеъ дар кӯчаи Ховарон худсарона аз симчуби асосӣ ба таври ғайриқонунӣ ноқилҳои барқиро насб намуда нерӯи барқро дар манзили истиқоматии худ бе ҳисобкунаки барқӣ истифода бурдааст, ки бо ин амалаш ба маблағи 2 183 сомонӣ хисорот ворид намудааст.


  Ҳамин тавр аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Шоҳмансур баҳри пешгирии чунин камбудиҳо корҳои фаҳмондадиҳию санҷиширо ҷоннок намуда, дар кӯчаи Ховарон як чанд далели дигар низ ошкор намуданд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Шерхонова Фирӯза соли таваллудаш 1989 ва Ҷураев Равшан соли таваллудаш 1996 дар манзилҳои истиқоматии худ қувваи барқро ғайриқонунӣ насб намуда, ба дуздии нерӯи барқ роҳ додаанд, ки дар баробари санадҳои лозима тартиб додан камбудиҳо бартараф карда шуданд.

  Мавриди зикр аст, ки гурӯҳҳои корӣ оид ба ошкору пешгирии чунин амалу кирдорҳои номатлуб дар ҳудуди пойтахт фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монда, нисбати чунин шаҳрвандоне, ки ба истифодаи моликияти давлат хунукназарона рафтор мекунанд, санадҳои лозима тартиб дода шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир андешида мешавад.
  Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми як моҳи охир баъди таъсис додани гурӯҳҳои корӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт 20 ҳолати истифодаи ғайриқонунӣ, яъне дуздии нерӯи барқ ошкор карда шуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои қонунӣ андешида шудааст.
  Аз ин рӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душнабе аз ҳар як шаҳрванд, махсусан сокинони пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҷиҳати сарфакорона истифодаи қувваи барқ муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin