Ошкорёбии силсиладуздиҳо

Ошкорёбии силсиладуздиҳо

  Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зимни омӯзиш ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба мавриди дуздӣ қарор гирифтани манзилҳои истиқоматияшон як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, ахиран ду нафарро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.
  Инҳо шаҳрвандон Ализода Алиҷон соли таваллудаш 1999 сокини кӯчаи Борбад ва Сайёди Рустам соли таваллудаш 2001 истиқомуткунандаи кӯчаи Шерализодаи шаҳри Душанбе мебошанд.


  Чуноне зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ва пурсиши гумонбаршудагон маълум гардид, номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ аз набудани соҳибони манзилҳои истиқоматӣ истифода бурда, ба воситаи ҳар гуна олот панҷараи манзилҳои истиқоматиро шикаста, вориди хона гардида маблағҳои пулӣ, ҷавоҳирот ва телефони мобилию дигар ашёҳои арзишмандро мавриди дуздӣ қарор додаанд.
  Аз ҷумла шаби 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳамин тарз ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова Гулшан воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид гардида, бо шикастани сандуқи оҳанин аз дохилаш 5-ҳазор сомонӣ, 1500-долари амрикоӣ ва ба миқдори 5700-долари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдаанд.


  Ҳамчунин дастгиршудагон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, санаи 23-юми октябри соли ҷорӣ низ бо шикастани панҷараи тиреза вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Баҳодур воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев гардида, аз он ҷо ду адад телефони мобилӣ ва як адад планшету дигар ашёҳои арзишнокро рабудаанд.
  Мавриди зикр аст, ки бо шикастани панҷара вориди хона шудан усули хоси ҷиноятсодирнамоии ин дастгиршудагон буда, дигар ҳолатҳои аз ҷониби онҳо содир гардидани ҷиноятро тафтишот муайян хоҳад намуд.
  Ҳоло бошад онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin