• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи наздики 20 ҳазор дона маводи тарфгарӣ
Мусодираи наздики 20 ҳазор дона маводи тарфгарӣ

Мусодираи наздики 20 ҳазор дона маводи тарфгарӣ

  Мувофиқи қонунгузории кишвар воридот ва мавриди истифода қарор додани маводҳои тарфгарӣ манъ гардиааст.
  Вобаста ба ин кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайри қонунии чунин маводҳои тарканда, ки метавонад истифодаи он барои ҷомеа хавф дошта бошад, корҳои фаҳмондадиҳию оперативиро ба роҳ монда шахсоне, ки ба муомилоти ин воситаиҳои пиратехникӣ даст мезананд дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб менамоянд.
  Ҳафтаи ҷорӣ кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ миқдори зиёди маводҳои пиратехникиро аз муомилот боз дошта, нафарони гумонбарро дастгир намуданд.


  Муайян гардид, ки шаҳрвандон Каримова Умеда Бахтиёровна соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҳабибуллоев Фирдавс соли таваллудаш 2000-ум мехостанд аз фурӯши ин маводҳои пиратехникӣ фоида ба даст оваранд.
  Зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ аз номбурдагон ба миқдори 19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии навъи «Трения» дарёфту мусодира карда шуд.
  Ҳоло нисбати далели мазкур мутобиқи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо зикри далели мазкур аз тоҷирону соҳибкорон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки талаботи ҳатмии қонунҳои амалкунандаро ҷиҳати пешгирии воридоту фурӯши маводҳои пиратехникӣ риоя намоянд.
  Илова бар ин, аз тамоми падару модарон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, то фарзандони худро зери назорати қатъӣ қарор дода, нагузоранд, ки онҳо бо истифода аз чунин маводҳои пиратехникии тарканда дар рӯзҳои иду ҷашн осоиштаҳолии сокинону меҳмони шаҳри Душанберо халалдор созанд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin