• Home »
  • ХАБАР »
  • 50 ҳолати қаллобӣ бо зарари зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин
50 ҳолати қаллобӣ бо зарари зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин

50 ҳолати қаллобӣ бо зарари зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин

  Нафарони қаллобу мардумфиреб бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум мехоҳанд маблағи пулӣ ба даст оварда зиндагии осоишта дошта бошанд, вале боре андеша намекунанд, ки ҳар кирдоре дар назди қонун ҷавобгарӣ дар пай дорад.

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни баррасӣ ва омӯзиши аризаҳои шикоятии шаҳрвандон бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сайфулаева Дилором Қодировна, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зайнаббибиро дастгир намуданд, ки номбурда худро ҳамчун корманди ваколатдори идораву сохторҳои гуногуни давлатӣ муаррифӣ намуда, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум, барои ҷудо карда додани қитъаи замин маблағҳои гуногуни пулиро аз онҳо тасарруф ва аз онихуд кардааст.


  Чунончӣ, гумонбаршаванда Дилором Сайфуллоева бо роҳи фиребу макр аз ҷумла, аз шаҳрванд Шоева Нилуфар 18-ҳазор сомонӣ, аз Алимов Амиршоҳ 3200 доллари амрикоӣ, аз Одинаев Дилшод 500 доллари ИМА ва 2100 сомонӣ, аз шаҳрванд Файзов Некрӯз 3000 доллари ИМА ва аз шаҳрванд Шарифов Наврӯз бошад 20 000 сомонӣ бо баҳонаи барояшон ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дуруст кардан, талаб карда гирифтааст. 
  Чорабиниҳои тафтишотӣ муайян намуд, ки номбурда барои ба боварии шаҳрвандон даромадан онҳоро ба маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, ба кӯчаи Теппаҳои шарқӣ бурда заминҳои бекорхобидаро нишон дода, ваъда мекардааст, ки маҳз ҳамин қитъаи заминро ба онҳо ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад ва бо ин роҳ маблағҳои гуногуни пулии шаҳрвандонро тасарруф намудааст.

  Илова бар ин, зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дар маҷмуъ Сайфуллоева Дилором дар содир намудани зиёда аз 50 ҳолатҳои ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, камтарин зарар 10-ҳазор сомонӣ ва зиёдтарини он то 30-ҳазор сомонӣ мерасад, ки дар умум ба шаҳрвандон зиёда аз 500-ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.
  Номбурда барои рӯйпуш намудани кирдорҳои ҷиноятии худ манзили истиқоматии шаҳрванд Бобохонова Миҷгона, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, чунин амалҳои ҷиноятиро маҳз дар он ҷо иҷро мекард.
  Ҳамаи факту далелҳои дар рафти тафтишот ба даст омада аз қаллоби моҳир будани гумонбар далолат медиҳанд. Аз ҷумла, зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ аз манзили ба иҷора гирифтааш як қатор далелҳои шайъӣ миқдори зиёди шиносномаҳои аслии шаҳрвандон ва қарору хабарномаҳои қалбакӣ сохташуда ва дигар асноди лозима дарёфту мусодира гардиданд. Далелҳои шайъии дар рафти тафтишот ба даст омада, гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар кирдори гумонбар таркиби ҷиноятҳои қаллобию сохтакорӣ баръало мушоҳида мегарданд.


  Бо истифода аз ин фурсат бори дигар ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки замин моликияти истисноии давлат буда, хариду фурӯш карда намешавад. Ба шаҳрвандон танҳо дар доираи қонунгузорӣ барои бунёди манзил ё дигар иншоот бо тартиби махсус қитъаи замин ҷудо карда дода мешавад.
  Айни замон гумонбаршуда Сайфуллоева Дилором дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки агар мавриди фиреби ин нафар зан қарор гирифтаанд, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тариқи телефони боварии 221-15-00 муроҷиат намоянд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin