• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷамъбасти мусобиқаи «футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»
Ҷамъбасти мусобиқаи «футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Ҷамъбасти мусобиқаи «футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

  Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Рузи милитсия» байни кормандони Дастгоҳи марказии раёсат, Шуъбаҳои вазорати корҳои дохилии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томи милитсияи пойтахт, «Футболи хурд» ташкил ва баргузор карда шуд. Давоми 15-рӯз 10-даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуда, ҳар кадом бозингар аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.

  Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида, дар ин замина Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста байни кормандони ҷузъу томҳо чорабинӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзиширо баргузор менамояд.
  Аз ҷумла, зимни ҷамъбасти мусобиқаи «Футболи хурд» Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, иброз дошт, ки варзиш қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим мебошад. Баҳри обутоби бадан кормандони мақомоти милитсияро мебояд пайваста ба варзиш машғул шаванд, зеро таъмини тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткориро танҳо нафаре метавонад таъмин намояд, ки аз ҳисоби ҷисмонӣ солим, дорои илму дониш ва чусту чолок бошад. 
  Чорабинии варзишии мазкур баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти дастаи яккачини футболи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.

  Дар натиҷаи баргузории мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи аввал, ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Баталиёти хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сазовари ҷойи сеюм гардиданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамзамон аз ҷониби комиссияи ваколатдор «Футболбози беҳтарин», «беҳтарин зарбазан», «дарвозабони беҳтарин» муайян гардида, аз ҷониби роҳбарияти раёсат бо Диплому Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin