Ҷавонони ғоратгар дастгир шуданд

Ҷавонони ғоратгар дастгир шуданд

  Дар натиҷаи омӯзишу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як гурӯҳ ҷавононро дастгир намуданд, ки ба ғорат намудани телефонҳои мобилии шаҳрвандон машғул будаанд.

  Инҳо шаҳрвандон Ярмуҳаммедов Шаҳром, соли таваллудаш 1999, Сураҷи Сайфулло, соли таваллудаш 1999, Амирҷони Аюбҷон, соли таваллудаш 1997 ва Астанов Акбар, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд.
Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ дар чанд маврид телефони мобилии шаҳрвандонро бо роҳи зуроварӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
  Аз ҷумла, санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт маслиҳати ғорат намудани ягон шаҳрвандро тарҳрезӣ намуда, ахиран бо истифода аз зуроварӣ телефони мобилии шаҳрванд Мансуров Абдулатиф, ки 1100-сомонӣ арзиш дорад, тасарруф намуда, бо фурӯши он маблағи пулӣ ба даст овардаанд.
  Ҳамзамон ин гурӯҳи ҷиноятпеша амалу кирдорҳои ҷиноятиро идома дода, бо зери лату кӯб қарор додани шаҳрванд Абдуллоқулов Иброҳим телефони мобилияшро тасарруф кардаанд.

  Мавриди зикр аст, ки ин ҷавонони кӯтоҳандешу сабукфикр баҳри ба даст овардани маблағу даромади муфт ва пур сохтани ҷайби холии худ аз роҳи ҷиноят кор гирифта дар баробари ба дигарон зарари пуливу молӣ расонидан худро ба гирдоби ҷиноят ғуттавар намудаанд.
Фаъолият ва коркардҳои оперативии кормандони милитсия буд, ки гумонбарони ин ҷиноят дастгир шуда, хавфи минбаъд содирнамоии ҷиноят аз ҷониби онҳо бартараф карда шуд.


  Баъди боздошти гумонбарон аз онҳо ду адад телефони мобилии рабудашуда, ҳамчун далелҳои шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin