• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҷлили бошукӯҳи Иди милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Таҷлили бошукӯҳи Иди милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Таҷлили бошукӯҳи Иди милитсия дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  10-уми ноябр ҳамасола ҳамчун «Рӯзи милитсия» дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи фархунда дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид.


  Нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, ҳамаи кормандон ва собиқадорони милитсияро ба иди касбии милитсияи тоҷик табрику муборакбод нумуд. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити корӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, имрӯз милитсияи тоҷик бо пешрафтатарин лавозимоти хизматӣ, аз қабили утоқҳои мусоиди корӣ, лавозимоти техникӣ, биноҳои маъмуриву хизматӣ ва дигар инфрасохтори лозимӣ таъмин гардидаанд.

  Дар замони муосир бо пешрафти илму техника тарзу усули содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ низ дигаргун гашта аз кормандони мақомоти милитсия баҳри пешгириву ошкорнамоии он маҳорати баланди касбиро талаб менамояд. Вобаста ба ин бо дастгириҳои роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони мақомоти милитсия тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, пайваста кормандони милитсия ба омӯзишу такмили ихтисос сафарбар карда мешаванд. Чуноне дар ҷараёни чорабинӣ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, бо маҳорати баланди оперативӣ-хизматии милитсияи пойтахт имрӯз тамоми амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок саривақт пешгирию ошкор ва нафарони ҷиноятпеша дастгир карда мешаванд.
  Чунин натиҷаҳои баланди хизматии милитсияи пойтахт аст, ки имрӯз аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

  Дар идомаи чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳизода Рамазон Ҳамро як зумра кормандони милитсияи пойтахт бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу Нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


  Дар баробари ин ба як қатор маъюбону собиқадорон ва оилаҳои бесаробонмондаи милитсияи пойтахт кӯмакҳои пуливу моддӣ расонида шуданд.


  Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи кормандони милитсия табъи ҳозиринро болида намуд. Мавриди зикр аст, ки барномаи консертии мазкур бори нахуст пурра аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ва фарзандони онҳо омода карда шуда, бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Сироҷиддин Шукуров, сармуҳаррири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin