• Home »
  • ХАБАР »
  • Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор
Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор

Тамошои мавзеъи таърихии миллати тоҷик – қалъаи Ҳисор

  Дар доираи сафари расмии корӣ намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин баҳри шиносоӣ пайдо намудан аз таъриху фарҳанг ва маданияти шаҳрсозиву шоҳкориҳои бемисли миллати тоҷик ба қалъаи Ҳисор ташриф оварда, бо роҳбаладии роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт аз ҷузъиётҳои таърихи қадимаи миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.
  Қалъаи Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини тоҷикнишин ба ҳисоб рафта, аз миллати фарҳангофару шаҳрнишин ва фарҳанги волову устокории бемисли миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.


  Ҳайати меҳмонон бо тамошои ин мавзеи фарҳангию таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ як ҷаҳон маънӣ бардошта, иброз доштанд, ки ҳар сайёҳе, ки ба Ҷумуҳрии Тоҷикистон сафар мекунад ҳатман аз чунин мавзеъҳои ҷилиби диққат дидан кунад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin