Пиёдагард! – ҷони худро дар хатар нагузор!

Пиёдагард! – ҷони худро дар хатар нагузор!

  Бо таъмиру азнавсозии роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, шароити ҳамлу нақл беҳтар гардида, барои убури пиёдагардон роҳҳои зеризаминиву аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ пурра насб гардидаанд. Дар баробари ин аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейду амалиётҳои пешигирикунанда доир карда мешавад.


  Мутаассифона, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ҳастанд ронандагон ва махсусан пиёдагардоне, ки дағалона Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, ки дар бештари маврид маҳз нодида гирифтани аломатҳои роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ гузаштани онҳо боиси сар задании ҳодисаҳои нохӯш меанҷомад.
  Кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт рейду санҷишҳо гузаронида он пиёдагардоне, ки бо як бемасъулиятӣ Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекунанд, мувофиқи моддаи 340 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ карда мешаванд.


  Аз ҷумла, аз санаи 15-ум то 25-уми октябри соли равон дар ҳудуди пойтахт, бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки пиёдагардон, ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ махсусан пиёдагардон ва ба танзим даровардани ҳаракати пиёдагардон ҳангоми убури роҳ, тибқи Нақша-чорабинӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди пойтахт амалиёти профилактикии «Пиёдагард» ташкил ва баргузор намуданд.

  Чунончӣ, дар вақти гузаронидани рейду амалиётҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, баъзе аз шаҳрвандон аз ҳар маконе, ки хоҳанд роҳро убур намуда, дар баробари бо телефони мобилии худ ба бозӣ машғул гардидан, ҳамзамон бо садои баланди гушмонак мусиқӣ гуш карда, аз ҷойи номуқарраргаштаи роҳ мегузаранд, ки ин амал пеш аз ҳама ба ҷони худи шаҳрванд хатари ҷиддӣ дар пай дорад. Чуноне ки дар рафти баргузории ин амалиёт мушоҳида гардидид, баъзе аз шаҳрвандон ҳангоми убури роҳ аз роҳи зеризаминӣ ва хати танзимкунандаи пиёдагард нагузашта, аз байни роҳ мегузаранд, ки дар баробари ба ҳаракати бехатари автомашинаҳо халал расонидан ҳамзамон ҳангоми аз роҳ гузаштан вазъияти хавфнокро ба вуҷуд оварда, боиси рухдодани ҳодисаҳои нохӯши нақлиётӣ низ мегарданд.

  Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд давоми 10-моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе танҳо бо иштироки пиёдагардон 150 садама ба вуҷуд омада, дар натиҷаи он 24-нафар пиёдагардон ба ҳалокат расида, 104 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бештари маврид маҳз нодида гирифтани талаботҳои ҳаракат дар роҳ ва аз ҷои номуқарраргардида гузаштани роҳ аз ҷониби пиёдагардон боиси сарзадани ҳодисаҳои нохӯши роҳу нақлиётӣ мегардад.

  Бо зикри ин матлаб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз шаҳрвандон эҳтиромона талаб менамояд, то ҷони худро дар хатар нагузоранд. Роҳро аз ҷойҳои муқарраршуда ва эҳтиёткорона убур намоянд, зеро шитоби як лаҳзаина метавонад як умр шуморо ранҷур кунад.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin