• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Иқдоми навбатӣ дар самти ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ: кормандони БДА ба 24 ширкатҳои мусофиркашонӣ вобаста карда шуданд
Иқдоми навбатӣ дар самти ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ: кормандони БДА ба 24 ширкатҳои мусофиркашонӣ вобаста карда шуданд

Иқдоми навбатӣ дар самти ба низом даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ: кормандони БДА ба 24 ширкатҳои мусофиркашонӣ вобаста карда шуданд

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳо ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти №63 аз 30 январи соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати баланд бардоштани маърифату маданият ва муоширати ронандагон ҳангоми муомила бо мизоҷон, муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла бо оқибатҳои ҳалокатовар мусоидаткунанда аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, аз байн бурдани муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва ба таври ҳатмӣ фаъолият намудани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо (кондукторҳо) бо либосҳои ягона ҳайати калони роҳбарикунандаи Шуъбаи БДА ва ҷузъу томҳои он дар ноҳияҳои пойтахт ба ҳама 24 адад ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгирбуда вобаста карда шудаанд.
  Иқдоми мазкур таҷрибаи нав буда, бори аввал дар ҳудуди кишвар, махсусан пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар асоси ҳуқуқии иқдоми мазкурро талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия”, “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, банди 12-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №592 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати ташкили беҳдошти фаъолияти кори назорати техникӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №374 б/з аз 1 декабри соли 2007 “Дастурамал оид ба тартиби интиқоли одамон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва таъмини бехатарии онҳо”, “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо”, ки аз 29 июни соли 2017 таҳти №323 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, инчунин “Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бағоч ва таъмини бехатарии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъмин мекунанд.
  Аз ин рӯ, ҷиҳати пешгирӣ намудани содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ба танзим даровардани ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобаста намудани кормандони милитсия ба ширкату корхонаҳои нақлиётии мусофиркашони ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад мебошад.
  Зеро аз омори расмии ба қайдгирифташуда бармеояд, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душнанбе маҷмуан 148 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ содир карда шудааст.
  Тибқи таҳлилу омӯзишҳо 27 661 – қоидаваронкунӣ аз шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоркардашуда 18,6%-ро ташкил медиҳад. Илова бар ин, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2-нафар ба ҳалокат расида, 16-нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади:
– таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, риояи ҳатмии талаботҳои қонунгузории кишвар ва “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон;
– саривақт огоҳӣ ёфтан аз камбудиҳои содирнамудаи ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон;
– муайян ва рафъи сабабу шароитҳои ба содиршавии садамаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла бо оқибатҳои ҳалокатовар мусоидаткунанда аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ;
– баланд бардоштани маърифату маданияти ронандагон ҳангоми муомила бо мизоҷон;
– аз байн бурдани муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ;
– ба таври ҳатмӣ фаъолият намудани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ва ёрдамчиёни онҳо (кондукторҳо) бо либосҳои ягона;
– роҳ надодан ба камбудиҳои такрорӣ аз ҷониби масъулини корхонаҳои нақлиётӣ,

  Фармоиши махсуси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон таҳти №191 аз 30 октбяри соли 2018 “Дар бораи вобаста намудани ҳайати калони роҳбарикунандаи Шуъбаи БДА ба ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии шаҳри Душанбе” ба имзо расид.
  Дар асоси талаботи банди 2-и Фармоиши мазкур шахсони масъул ба таври доимӣ, на кам аз як маротиба давоми ҳар даҳрӯза ба корхонаю ташкилотҳои нақлиётии вобастагардида ташриф оварда, тибқи талаботи замимаи 8-и Дастурамал оид ба назорати техникии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои назоратӣ оғоз ва маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда, фаъолияти корхонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.
  Тибқи талаботи банди 3-и Фармоиш аз ҷониби кормандони ба ширкатҳои мусофиркашонии ҷамъиятӣ вобасташуда робитаю ҳамкории зич бо роҳбарон, ҳайати муҳандисӣ-техникӣ ва ронандагони корхонаҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуда, оид ба пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳолати интизоми нақлиётии ронандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҳамчунин ба таврӣ намунавӣ ба роҳ мондани муносибату муоширати ронандагон бо мизоҷон чорабинӣ ва дигар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
  Илова бар ин, дар асоси талаботи банди 3-и Фармоиш барои пешгирии содиршавии садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ кормандони ба ширкатҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо нисбати масъулин (кормандони вобастагардида) ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin