Дуздии маблағи пулӣ аз нуқтаи букмекерӣ

Дуздии маблағи пулӣ аз нуқтаи букмекерӣ

  Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳ ҷавононро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

  Инҳо шаҳрвандон Одинаев Исмоил, соли таваллудаш 1996, Амиров Сайдвалӣ, соли таваллудаш 1992, Содиқов Рамзиёр, соли таваллудаш 1995 ва Маҳмудов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе мебошанд, ки бо маслиҳати пешакӣ шаби 7-уми октябри соли ҷорӣ нуқтаи букмекерии ҶДММ «Формула 55»-ро мавриди дуздӣ қарор додаанд.

  Номбурдагон бо шикастани тиреза вориди ин нуқтаи букмекерӣ шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ ба миқдори 9163 сомониро рабудаанд.
Мавриди зикр аст, ки маҳз тактика ва роҳу усулҳои оперативии кормандони милитсия буд, ки ҷинояти мазкур саривақт ошкор ва нафарони гумонбар дастгир карда шуданд. Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ 9163 сомонии маблағи рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.


  Ин ҷавонони кӯтоҳандешу сабукфикр баҳри ба даст овардани маблағу даромади муфт ва истироҳату фароғати чандлаҳзаина даст ба чунин кирдори ҷиноятӣ зада, худро ба гирдоби ҷиноят ғуттавар намудаанд. Акнун онҳоро мебояд ба кирдори содирнамудаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.
Ҳоло нисбати ин гурӯҳи ҷиноятпеша бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin