• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастгир гардидани 4-нафар бо гумони муомилоти ғайриқонунии таблеткаҳои экстазӣ
Дастгир гардидани 4-нафар бо гумони муомилоти ғайриқонунии таблеткаҳои экстазӣ

Дастгир гардидани 4-нафар бо гумони муомилоти ғайриқонунии таблеткаҳои экстазӣ

  Яке аз масъалаҳое, ки солҳои охир ба мушкилоти глобалии сайёра мубаддал гардидааст, ин парваришу истеҳсол ва муомилоту истеъмоли воситаҳои нашъаовар мебошад. Ин маводи заҳрогин манбаи асосии даромади гурӯҳҳои ҷиноятӣ, махсусан террористиву эктремистӣ ба ҳисоб рафта, дар баробари фоидаи муфт ба даст овардан ҳамзамон ҳазорон нафарро мубталои бемории ҷонкоҳи нашъамандӣ менамоянд.
  Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баҳри пойдории сулҳу субот, солимии ҷомеа, таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз ҳаргуна амалу кирдорҳои номатлуб аз қабили нашъамандиву муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахти мамалакат-шаҳри Душанбе муборизаи беамон мебаранд.
  Аз ҷумла зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4-нафар ҷавонон ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯш ва истеъмоли ҳабҳои (таблеткаҳои) экстазӣ дастгир карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон:

1. Зоиров Абдурасул Холиқович соли таваллудаш 2.01.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қазоқон-2;

 

2. Худойбердиев Зоир Авазхонович соли таваллудаш 14.03.1991, сокини шаҳри Кӯлоб, пеш бо моддаи 201 КҶ ҶТ суд шудааст.

 

3. Асроров Маҳмадюнус Маҳмадюсупович соли таваллудаш 14.10.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳи боло;

 

4. Раҳматуллозода Беҳрӯзи Субҳоналӣ соли таваллудаш 30.08.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино.

  Зимни пешбурди коркард ва чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршавандаҳо 44-адад ҳабҳои экстазиро бо нияти истифода кардан ва минбаъд ба соҳибияти каси дигар додан, яъне фурухтан бо роҳи ғайриқонунӣ харидорӣ намуда, дар манзили истиқоматии яке аз аъзоёни гурӯҳ нигоҳ доштаанд. Сипас гумонбаршавандаҳо аз ин миқдор 20 ададашро истеъмол ва қисме аз онҳоро бо роҳи ғайриқонунӣ фурухтаанд, ки зимни идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз паноҳгоҳи гумонбаршавандаҳо 24 адад ҳабҳои экстазии боқимонда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.


  Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи кимиёвии Раёсати ташхиси криминалистии ВКД, 24-адад таблетка, вазни умумиашон 6,4588 гарамро ташкил медиҳанд, ки таблеткаҳои экстазии навъи МДМА буда, хатарноктарин навъи воситаҳои нашъадор ба ҳисоб мераванд.
  Зимни омӯзишу таҳлилҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки дар байни ҷавонон овозаҳое пайдо гардидааст, ки гӯё истифодаи чунин намуди ҳабҳои экстазӣ қувваи мардинаро баланд бардошта, ба иммунитети ҷавонон нерӯи иловагӣ мебахшад. Вале мақомоти милитсия шаҳри Душанбе бо назардошти тибби муосир ва хулосаи илмии табибони тоҷик расман иттилоъ медиҳад, ки овозаҳои пайдогардида асоси воқеӣ надошта, баръакс истеъмоли ин гуна маводҳо ба хотироти ҷавонон таъсири манфӣ расонида, оқибат истеъмолкунандагонашро ба бемориҳои гуногуни нашъамандӣ гирифтор мекунад.


  Нафаре, ки истеъмолкунандаи чунин маводҳост, воқеиятро фаромӯш карда, девонаавзою бадхашм шуда, аз ҳеҷ як амали ҷиноятӣ рӯй намегардонад. Бинобар хатарҳои мавҷуда дар қатори дигар воситаҳои нашъадор, истеҳсол ва муомилоти ҳабҳои сахттаъсири экстазӣ мувофиқи қонунгузорӣ манъ карда шуда, ҷинояти вазнин ҳисобида мешавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон Зоиров Абдурасул Холиқович, Худойбердиев Зоир Авазхонович, Асроров Маҳмадюнус Маҳмадюсупович ва Раҳматуллозода Беҳрӯзи Субҳоналӣ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.


  Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 11 ҳолати муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ошкор карда шуда, дар умум 10 692 дона ҳабҳои синтетикӣ ва экстазии мадҳушкунанда дарёфту мусодира карда шудааст. Дар доираи ин парвандаҳои ҷиноятӣ 28 нафар ҷавонони аз 20 то 35 сола дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби милитсияи пойтахт як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳайати 10 нафар таҳти роҳбарии як нафар сокини шаҳри Ҳисор дастгир карда шуд, ки ба иттилои тафтишот давоми якчанд соли охир аъзоёни ин гурӯрҳи ҷиноӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигар ба муомилоти ғайриқонунии ҳабҳои экстазию синтетикӣ машғул будаанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin