• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт боз 3 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуд
Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт боз 3 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуд

Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт боз 3 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуд

  Яке аз принсипҳои инсондӯстонаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз рӯи гумроҳиву нодонӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту равияҳои ифротӣ пайвастаанд ва ба ин тартиб озод намудани онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мебошад. 

  Дар ин замина мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардонидани ин гурӯҳ шаҳрвандони кишвар, ки айни ҳол дар мамлакатҳои хориҷӣ бо сабаби паноҳ бурдан аз рафти тафтишот ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ умр ба сар мебаранд, дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодааст. Маҳз натиҷаи босамари чунин ҳамкориҳои судманди мақомоти милитсияи пойтахт бо мардум ва сокинони пойтахт, алалхусус бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта аст, ки вақтҳои охир шумораи нафароне, ки бо кӯмак ва роҳнамоии милитсия ба таври ихтиёрӣ ба Ватан баргардонида шудаанд, рӯ ба афзоиш дорад.
  Асоси ҳуқуқии иқдоми мазкур дар он аст, ки тибқи эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. 
  Бо дарназардошти омилҳои зикргардида ва дар натиҷаи пешбурди як қатор суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ҳафтаи сипаришуда боз 3 нафар шаҳрвандон, ки бо моддаи 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо кӯмаки кормандони милитсия бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ҳозир шуданд.

Аз ҷумла шаҳрвандон:
1. Маҳмудов Назрӣ Назирмадович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, номбурда аз 19-уми апрели соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

2. Ҷобиров Олимҷон Ҳотамович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Алмосӣ, деҳаи Суғдиён, оиладор, аз санаи 17-уми октябри соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

3. Қосимов Бахтиёр Шарифович, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, аз санаи 22-юми майи соли 2017 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз худи Бахтиёр Қосимов бо кӯмаки мақомоти милитсияи пойтахт ҳамсар ва 3 нафар фарзандони ноболиғи 3, 6 ва 10-солаи номбурда ба Ватан баргардонида шуд.

  Бино ба иттилои тафтишот нафарони болозикргардида ҳамчун ҷинояткорони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта давоми 3 сол, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурда, ҳафтаи сипаришуда бо кӯмак ва роҳнамоиҳои кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдаҳо ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд. 
  Айни ҳол нисбати ҳамаи онҳо эзоҳи моддаҳои болозикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, онҳо дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд. 
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои кулли сокинон ва шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, мерасонад, ки дар ҳолати бо иқрори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ҳозир гардидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эзоҳи моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. 
  Чунончӣ зикр гардид, дар давраи 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, ки бо моддаҳои 401 иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуда, дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва назди хешу табор ва аҳлу пайвандони худ зиндагии оромро пеш бурда истодаанд. 
Телефони боварӣ: (+37 22) 221 15 00

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin