• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт
Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт

Боздид аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе ва суҳбату мулоқот бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт

  Дар идомаи сафари расмии корӣ намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.


  Зимни мулоқот хайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.


  Ҳамзамон дар доираи боздид аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муовини сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкин ҷаноби Тсзян Пин бо ҳайати шахсии милитсияи пойтахт суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дод. Номбурда зимни суҳбати худ иброз дошт, ки шаҳри Нанкин бо шаҳри Душанбе муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Дар ин замина дар доираи санадҳои баимзорасидаи байни вазоратҳои ду кишвар сафарҳои кориву мулоқотҳои дуҷониба ҳар сол бароҳмонда мешавад, ки ин метавонад дар табодули таҷриба ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон мусоидат намояд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin