• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»
Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»

Боздид аз Осорхонаи миллӣ ва бозори «Меҳргон»

  Дар идомаи сафари корӣ ҳайати намоядагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин бо роҳбаладии Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баҳри шиносоӣ пайдо намудан бо таърих ва фарҳангу маданияти миллати тоҷик аз Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.


  Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ диққати ҳайати меҳмононро бозёфтҳои қадима аз «Тахти сангин», «Саразм» ва «Ҳулбук»-у дигар маконҳои таърихии халқи тоҷик, ки зимни кашфиётҳои бостоншиносӣ пайдо гардида, аз таъриху тамаддуни қадимаи миллатитоҷик гувоҳӣ медиҳанд, ба худ ҷалб намуд.


  Мавриди зикраст, ки ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин аз тамошои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ин иқдоми роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахтро хуб пазируфтанд.


  Ҳамзамон барои шиносоӣ пайдо намудан аз анвои хурокворӣ ва маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин аз бозори «Меҳргон» дидан намуда, аз растаҳои пури анвои гуногуни хушкмеваю сабзавот ва дигар анвои хӯрока дидан намуданд. Диққати меҳмононро асали истеҳсоли Тоҷикистон ба худ ҷалб намуда, бо чашидани он коми худ ширин намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin