Боздид аз НБО «Норак»

Боздид аз НБО «Норак»

  Дар доираи сафари корӣ намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су-и Ҷумҳурии мардумии Чин аз Нерӯгоҳи барқии обии «Норак» дидан намуда, бо тарзи фаъолият ва истеҳсоли қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумурии Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.


  Тавре зимни ин боздид ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, Ҷумурии Тоҷикистон аз ҷиҳати имкониятҳои истеҳсоли қувваи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар арсаи байналмилалӣ дар ҷои намоён қарор дошта, дар ҳалати истифодаи пурраи чунин имкониятҳо метавонад ба яке аз истеҳскунандагони барҷастаи энергияи сабз мубаддал гардад.
  Чунончӣ директории Нерӯгоҳи барқии обии «Норак» ба ҳайати меҳмонон иттилоъ дод, сохтмони ин нерӯгоҳ аз соли 1961 оғоз ёфта, соли 1979 ҳамаи 9-агрегат бо иқтидори 3015 МВТ ба истифода додашудааст. Нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш сохташуда бо баландии 300-метраи платинаи худ дар ҷаҳон яке аз баландтарин ба ҳисоб меравад.


  Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии мардумии Чин зимни боздид аз ин нерӯгоҳ ҳамзамон аз боду ҳаво ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон дидан намуда, муҳити экологии Тоҷикистон ба онҳо сахт писанд омада иброз доштанд, ки дар вақти муносиб аз манзараҳои зебои Тоҷикистон дидан хоҳанд намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin