Баъди муроҷиат тариқи Фейсбук: Ронандаи фирорӣ боздошт гардид

Баъди муроҷиат тариқи Фейсбук: Ронандаи фирорӣ боздошт гардид

  Санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ соати 18-и бегоҳ як гурӯҳ корбарони саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба унвонии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тариқи саҳифаи расмии Раёсат муроҷиат намуда, хабар доданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенс», рангаш сафед дар кӯчаи Қаҳҳоров, гардиши хатсайри №11 ҷавони пиёдагардеро зада аз пой меафтонад. Мутаассифона, дар натиҷа ронандаи мазкур бар замми он, ки ба қоидавайронкунии дағали роҳу нақлиёт роҳ додааст, ҳамзамон аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст. Ҷавони ҷабрдида бошад дарҳол аз ҷониби шаҳрвандон ба беморхона дастрас гардида, баъд аз муоинаи табибон айни ҳол номбурда дар ҳолати хуб қарор дорад.
  Муроҷиати мазкур бевосита таҳти назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифта, баҳри муайян ва дастгир намудани ронандаи фирорӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандазӣ гардида, ниҳоят дастгир карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» аломати қайди давлатияш 0003DX01 Шаҳобов Далер Салоҳиддинович соли таваллудаш 4-уми июли 1993 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда, зимни идораи воситаи нақлиёт аз уҳдаи идора намудан набаромада, пиёдагарди мазкурро зада аз пой афтонидааст. Айни ҳол ронанда ва автомашинаи мазкур боздошт гардида, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз кулли сокинон ва меҳмони пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати мушоҳида намудани чунин қоидавайронкуниҳои роҳу нақлиётӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тариқи телефони боварии 221-15-00 ё саҳифаи расмии Раёсат дар саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» муроҷиат намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin