• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе
Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Душанбе

  Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини волоияти қонун бидуни ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ғайриимкон буда, танҳо дар ҳамбастагӣ метавон осоиштагиву сулҳу субот ва оромиву тартибот дар ҷомеа таъмин гардад. Маҳз бо дар назардошти гуфтаҳои боло, дар заминаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт пайваста чорабиниҳои дахлдор ва суҳбату вохуриҳоро бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ ташкил ва баргузор намуда истодааст.
  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ вохурии навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо раисони кумитаҳои маҳал ва шаҳраку минтақаҳои хизматӣ дар маҷлисгоҳи Раёсат баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳамаи 116 раисони кумитаи маҳаллаҳои пойтахт, 44-нафар роҳбарони КВД «Хоҷагии манзилию коммунали»-и шаҳри Душанбе, роҳбарияти Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои пойтахт ва ҳамаи 29 нафар сардорони Минтақаҳои маъмурии хизматии Шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Дар оғози чорабинӣ, нахуст зимни суханронии худ роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар пойтахт давоми соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта бо овардани факту рақамҳои дақиқ ва нишон додани маҳаллаҳои осебпазир ва нақши раисону кумитаҳои маҳаллаҳо дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда иброз дошт, ки кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон новобаста аз вазъи боду ҳаво ҳамеша пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Дар ин замина аҳли ҷомеа, раисону масъулони кумитаи маҳаллаҳо низ ҷиҳати пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб масъулият ҳис намуда, пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бошанд.


  Метавон гуфт, ки давоми соли ҷорӣ ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисону фаъолони кумитаи маҳаллаҳо дар тамоми ҳудуди пойтахт амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.


  Дар ин замина зикр намуд, ки маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.

  Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ балки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин даст задани ҷавонон ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ, махсусан авбошӣ ва задухурдҳои гурӯҳӣ мебошанд, ки дар чорабинии мазкур аз сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирию бартарафсозии он ва нақши фаъолону нафарони бонуфузи ҷомеа ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб таъкид гардид.
  Аз ин лиҳоз махсусан хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар аксар маврид маҳз бетарафии водидайн ва атрофиён ба амалу кирдорҳои ғайриахлоқии як нафар ҷавон ба содир намудани амалу кирдорҳои зидиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок оварда мерасонад.
  Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонону ноболиғон масъуланд, тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.

  Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин аз вазъи содирнамоии ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигоронӣ намуда, афзуд, ки вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва иҷро нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар як нафари дар тарбияи ноболиғону ҷавонон масъул хоҳиш карда мешавад ҷиҳати ба илму дониш фаро гирифтани насли ҷавон фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд, зеро маҳз ҷавони бо илму маърифат метавонад номбардори падару модар ва таъминкунандаи ояандаи дурахшони давлату миллат бошад.


  Масъалаи дигари ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқот баррасӣ гардид, ин таҳқими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ буд.
  Дар ҷараёни мулоқоти мазкур сардори мақомоти милитсияи пойтахт аз сатҳи ҳамкориҳои раисони маҳалаҳову аҳли ҷомеа ҷиҳати пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартибот бо кормандони мақомоти милитсияи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуд.

  Дар қисмати дигари вохӯрӣ ба 20 нафар раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷомеа барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия бо медали “Барои ҳамкорӣ”-и ВКД, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
  Ҳамзамон раисони маҳаллаҳо, низ суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳамкорӣ ва робитаи зичи аҳли ҷомеа бо мақомоти милитсия як қатор пешниҳодҳо намуданд, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт хуб пазируфта шуданд.


Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin