• Home »
  • ХАБАР »
  • Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва кормандони оперативӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

  «Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба мо ба ёдгор мондааст». Ин нуктаест аз суханониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал майори-милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронӣ дар чорабинии бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иброз дошт.


  Мавриди зикр аст, ки ҳамасола санаи 5-уми октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Имрӯз вобаста ба ин санаи муҳим дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт ҳайати шахсӣ ва тамоми миллати тоҷикро ба ин санаи муҳимму таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
  Дар қисмати дигари чорабинӣ, 100-умин солгарди таъсисёбии аввалин хадамоти оперативӣ, яъне кофтукови ҷиноӣ дар мақомоти милитсия, ки 5-уми октябр ҳамчун «Рӯзи кормандони оперативӣ» дониста мешавад, ҷашн гирифта шуд.


  Зимни суханронӣ сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҳозиринро ба «Рӯзи кормандони оперативӣ» табрику мубаракбод намуда, ба ҳайати шахсии хадамотҳои оперативӣ, ҷиҳати фаъолияти бенуқсони минбаъдаашон дар самти пешгириву дастгирнамоии ҷинояткорон, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барору комёбиҳоро таманно намуд.
  Дар ҷараёни чорабинӣ иброз гардид, ки аввалин хадамоти оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз соли 1918 ҳамчун Шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати марказии маъмурии Комиссариати Халқии корҳои дохилӣ дар ҳайати се нафар ташкил гардида буд.


  Бо ба даст овардани Истиқлолият, зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ ба як нерӯи қудратманду тавоно мубаддал гардид. Бахши кофтукови ҷиноӣ низ тадриҷан инкишоф ёфта, ирӯз Раёсат ва Шубаҳои кофтукови ҷиноии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро ба роҳ мондаанд.
  Метавон гуфт, ки Шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо бо тамоми лавозимоти моддию техникӣ таъмин буда, бо ҳайати шахсии дорои малакаву дараҷаи касбияти баланд, сол то сол дар муайян ва пешгирии ҷинояткорӣ муваффақ гардида истодаанд.

  Дар охири чорабинии мазкур аз ҷониби сардори раёсат як қатор кормандони дорои фаъолияти баланди хизматӣ бо медалу Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin