• Home »
  • ХАБАР »
  • Оғози мусобиқаи «Футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»
Оғози мусобиқаи «Футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Оғози мусобиқаи «Футболи хурд» бахшида ба «Рӯзи милитсия»

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавигардонидании варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста дар Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он чорабинӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешавад.
  Аз ҷумла дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бахшида ба «Рӯзи милитсия» мусобиқаи «футболи хурд» байни Дастгоҳи марказӣ, Шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он ташкил карда шуд, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.


  Мавсуф зимни суханронии худ иброз дошт, ки варзиш қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим мебошад. Баҳри обутоби бадан кормандони мақомоти милитсияро мебояд пайваста ба варзиш машғул шаванд, зеро таъмини тартибот ва пешгирии ҷинояту ҷинояткориро танҳо нафаре метавонад таъмин намояд, ки аз ҳисоби ҷисмонӣ солим, дорои илму дониш ва чусту чолок бошад. Чорабинии варзишии мазкур баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти дастаи яккачини футболи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.
  Мавриди зикр аст, ки чорабинии ифтитоҳии мазкур имрӯз (22. 10. 2018.) дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардида, нахустин бозии гурӯҳиро дастаҳои ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ШВКД-1 дар ноҳияи Сино оғоз бахшиданд.


  Бозии мазкур байни 10 даста дар ҳайати ду гурӯҳ; аз ҷумла дар гурӯи «А» ШВКД-2 дар н. Шоҳмансур, ШВКД-1 н. Сино, ШВКД-2 н. Сино, ШБДА РВКД дар ш. Душанбе, ШВКД н. И. Сомонӣ ва дар гурӯҳи «Б» бошад дастаҳои ШВКД-2 дар н. Фирдавсӣ, дастаи Дастгоҳи марказии Раёсат, ШВКД-1 дар н. Шоҳмансур, ШВКД-1 дар н. Фирдавсӣ, БХДПМ РВКД ш. Душанбе байни ҳамдигар қувваозмоӣ хоҳанд кард.
  Мусобиқа дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсия» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷом ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin