Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 31-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми октябри соли 2018, тахминан соати 21:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо корд ӯро таҳдид намуда, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 20-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 300-сомониро ташкил медиҳад.

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, марди 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 23-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод, ки пеш бо моддаи 244 қсими 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. 
  Муайян карда шуд, ки нафарони мазкур ин ҷиноятро бо ҳамроҳии “Рустам” ном шахс содир намудаанд. 
Барои муайян ва дастгир намудани “Рустам” чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin