• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусобиқаи волейбол байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
Мусобиқаи волейбол байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

Мусобиқаи волейбол байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ

  Дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқа ва бозиҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешавад.
  Аз ҷумла, бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони Дастгоҳи марказии вазорат ва Сарраёсату Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе инчунин Академияи ВКД ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ мусобиқаи волейбол баргузор карда шуд, ки дар он 16 даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд.

  Мавриди зикр аст, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар оммавигардонии варзиш ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим тамоми кӯшишҳро ба харҷ дода, дар баробари сохта ба истифода додани дигар иншооти муҳим, толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои хурди футболро низ сохта ба истифода дода, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ менамояд. Бояд гуфт, ки машғул шудан ба варзиш ба обутоб ва солимии кормандони милитсия мусоидат намуда, чунин иқдом бевосита аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
  Дар натиҷаи баргузории чорабинии варзишии мазкур 16-даста байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа ҷойи аввалро дастаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ва ҷои сеюмро дастаи волейболбозони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ишғол намуданд. Ба ғолибон аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал поковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷому медал ва Диплому Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

  Бояд гуфт, ки дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба варзишу тарзи ҳаёти солим аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, дастаи варзишгарони раёсат пайваста дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin