Дуздӣ бо зарари 105 ҳазор сомонӣ

Дуздӣ бо зарари 105 ҳазор сомонӣ

  Таълиму тарбияи фарзанд дар ҳама давру замон дар мадди аввал қарор дошта, беҳбудии ҷомеа ва рӯзгори хубу осоиштаро маҳз фарзандони таълиму тарбияи накӯдида ва дорои тахассусу маълумоти кофӣ метавонанд фароҳам созанд. Мутаассифона баъзан дур мондан аз таълиму тарбия, ҳирси молу сарват ва шабгардиву беҳудагардии наврасону ҷавонон боис мегардад то ин қишри ҷомеа даст ба кирдорҳои ҷиноятӣ занад. Махсусан, бемасъулиятии баъзе аз волидайн қобили нигаронист, чунки то нимашабӣ дар хона набудани фарзандон волидайни онҳоро ба ташвиш намегузорад?!
  Ҳафтаи сипаригардида кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳ ҷавононро дастгир намуданд, ки дар нимашабӣ даст ба ҷинояти дуздӣ задаанд.

  Инҳо шаҳрвандон Раҷабзода Маҳдӣ, соли таваллудаш 1994, Хонов Анушервон, соли таваллудаш 1999, Зайниддинов Аминҷон, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандагони кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе ва Хуршед ном шахс, ки айни замон дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор дорад, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

 

  Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурдагон шаби 24-уми сентябри соли равон бо маслиҳати пешакӣ вориди дукони заргарии шаҳрванд Саидов Суҳайлӣ, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногунро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд. Гумонбарони ин ҷиноят бо содир намудани ин кирдори хавфноку зиддиҷамъиятӣ ба соҳибмулк ба миқдори 105 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидаанд.
  Айни замон нисбати ин гумонбарон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Сироҷиддин Шукуров, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin