• Home »
  • ХАБАР »
  • Гирифтани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо роҳи фиреб
Гирифтани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо роҳи фиреб

Гирифтани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо роҳи фиреб

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 47-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2013 ҳангоми дар маҳаллаи 1-ум Советскийи ш.Душанбе қарор доштанаш, марди 46-солаи сокини ш.Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 316, 322 ва 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад дастгоҳи “Шлангбарорӣ”-и истеҳсоли Эрон, ки арзишаш 26 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва як адад дастгоҳи “Бручаткарезӣ”, ки арзишаш 18 ҳазору 500-доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи 45000-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

  Нисбати марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
  Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи соҳибкор, марди 35-солаи сокини шаҳри Ҳисор ворид гардидааст, ки рӯзи 6-уми сентябри соли 2018 марди 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар ҳудуди бозори “Балх”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Саркиштии ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 65 ҳазору 345-сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin