Диққат!!!

Диққат!!!

  Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба диққати сокинону меҳмонон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти пойтахт мерасонад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии байналмилалӣ, ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 27 ва 28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз соати 09:00 то анҷоми чорабинии мазкур ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Низоми Ганҷавӣ, Н. Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгрҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи С. Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.
  Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз баромад бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботҳои «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin