• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт 4 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуданд
Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт 4 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуданд

Бо кӯмак ва роҳнамоии милитсияи пойтахт 4 нафар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргардонида шуданд

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз рӯи гумроҳиву нодонӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилоту равияҳои ифротӣ пайвастаанд, тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, бо мақсади ба Ватан баргардонидани онҳо ва ба ин тартиб озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа баргузор намудаистодаанд.
  Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам бо дастрасии эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
  Бо дарназардошти ҳамин омилҳо дар натиҷаи пешбурди як қатор суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳии кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта, ҳафтаи сипаришуда 4 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 3 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва 1 нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо моддаҳои 401 иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо кӯмаки кормандони милитсия бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргашта, ба мақомоти милитсияи пойтахт ҳозир шуданд.
Аз ҷумла шаҳрвандон:
1. Раҳматов Раҳматулло Ҳасанович соли таваллудаш 1982 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 5-фарзанд, аз 13-уми январи соли 2016 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

2. Каримов Аҳлиддин Наҷмиддинович соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, аз санаи 13-уми январи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

3. Саодатов Исматулло Қудратович соли таваллудаш 1985 истиқоматкунандаи деҳаи Яккатути ноҳияи Рӯдакӣ, аз санаи 01-уми августи соли 2016 бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷиноятҳои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт;

4. Амирхудоев Одина Бодуршоевич соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, аз 30-юми августи соли 2018 бо моддаи 307 иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

  Бино ба иттилои тафтишот нафарони болозикргардида ҳамчун ҷинояткорони расман дар ҷустуҷӯ қарордошта давоми 2 сол, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ умр ба сар бурда, ҳафтаи сипаришуда бо кӯмак ва роҳнамоиҳои кормандони милитсияи шаҳри Душанбе аз кишварҳои гуногуни хориҷӣ ба Ватан баргардонида шудаанд. Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдагон ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд.
  Айни ҳол нисбати ҳамаи онҳо эзоҳи моддаҳои болозикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, онҳо дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои кулли сокинон ва шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, мерасонад, ки дар ҳолати бо иқрори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ҳозир гардидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эзоҳи моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Телефони боварӣ:
(+37 22) 221 15 00

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin