• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти «Аюби пистолет» баъди нашри мақола дар сомонаи Ахбор.ком
Боздошти «Аюби пистолет» баъди нашри мақола дар сомонаи Ахбор.ком

Боздошти «Аюби пистолет» баъди нашри мақола дар сомонаи Ахбор.ком

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мақолаи дар сомонаи хабарии «Ахбор.ком» таҳти унвони «Маро Аюби пистолет мегӯянд… Муштзӯрии як мард дар машруткаи рақами 28» ба нашр расидаро мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи пойтахт шахсияти нафари ҳуқуқвайронкунандаро, ки дар дохили нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ бо ронанда муноқишаи лафзӣ намуда, дигар муосифронро низ дашномҳои қабеҳ додааст, бо истифода аз имкониятҳои техникӣ аз рӯи навори инъикосгрдида муайян ва дастгир карда шуд.
  Чи тавре ки аз навор бармеояд ва зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, нафари дар ҳолати мастӣ қарордошта, ки худро бо тахаллуси «Аюби пистолет» ном мебарад, шаҳрванд Ҳалимов Алишер Абдуалимович буда, соли таваллудаш 12.04.1967, зодаи ноҳияи Рашт, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Махсусм мебошад.


  Баъди ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас намудани шаҳрванд Ҳалимов Алишер Абдуалимович ва зимни пурсиши дастгиршуда муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат санаи 25 сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 20:30 дақиқа ҳангоми фаромаданаш аз микроавтобуси мусофиркашонии рақами 28 ҳангоми гирифтани бақияи роҳкиро, ронанда ва дигар мусофирони нақлиёти мазкурро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, бар замми ин бо пояш якчанд маротиба ба дари воситаи нақлиёт задааст. Бо ин кирдораш номбурда оромии шаҳрвандонро халадор намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
  Тавре аз баёноти худи ҳуқуқвайронкунанда бармеояд, аз кирдори кардааш пушаймон буда, изҳор доштааст, ки дар оянда ба чунин ҳуқуқвайронкунии дағал даст намезанад.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои тасдиқгардида нисбати шаҳрванд Ҳалимов Алишер Абдуалимович бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Санаи 28 сентябр бо Ҳукми Суди ноҳияи Сино нисбати ҳуқуқвайронкунанда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.


  Аз ин рӯ, милитсияи шаҳри Душанбе ба диққати кулли сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳар як лаҳзаи вайроннамоии қонунҳои амалкунанда ва ҳар як ҳолати кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки дар натиҷа ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон поймол мегардад, дар чунин ҳолат мақомоти милитсия ҳамчун кафили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунан поймолшудаи шаҳрвандон ҷиҳати барқарор намудани адолати иҷтимоӣ талош меварзад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin