Даст ба қаллобӣ задани зани 50-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 29-солаи сокини кӯчаи Сафои пойтахт ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2018, дар кӯчаи Айнӣ зани 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 48 ҳазору 450-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад