Ҳалокати ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум

Ҳалокати ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум

  Санаи 27-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 01:05 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 ҷавони тахминан 22-25 солаи шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори манзили истиқоматии №463-и кӯчаи Лермонтов бархурдааст, ки мутаассифона ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия баҳри муайян намудани шахсияти ронандаи баҳалокатрасида чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.   

  Дар робита ба ин аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки агар оиди шахсияти ронандаи мазкур ягон маълумоте дошта бошанд, тариқи телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21 ва ё телефони боварии РВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 занг зананд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin