Ошкорёбии 13-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Ошкорёбии 13-ҳолати идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе

  Кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёт доир менамоянд.

  Ин аст, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ин ниҳод қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд. Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3120 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. 
  Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 13 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 14 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 5 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда – 116 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 118 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 19 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 12 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 109 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 80 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 101 адад;
-Вазъияти хавфнок – 1 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 262 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 17 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 355 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1867 адад;
  Гарчанде кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии нафароне, ки дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора мекунанд, тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд, ҳам вале мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳастанд бархе нафароне, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, ба дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ, роҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идора намудани воситаи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 13 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Ташпулатов Бахтиёр Хамрукулович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Волсваген», рақами қайди давлатиаш 4434АО01

 

Муртазоев Сафархон Қодирович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-450», рақами қайди давлатиаш 4441ЕС01

 

Қиронова Шаҳноза Қодирҷоновна – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 1328OD01

 

Қодиров Баҳманиёр Шаҳриёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 5511ЕЕ01

 

Зокиров Сомон Фаррухович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», рақами қайди давлатиаш В0452К

 

Рӯзиев Саидаброр Саидович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 5579ТТ05

 

Мадияров Абдуджаббор Пираҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 3940ВК03

 

Расулов Рамазон Рустамович – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2109», рақами қайди давлатиаш 7345НА01

 

Сайдуллоев Аслиддин Насриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 7141ВО02

 

Ғафуров Фарҳодҷон Шукруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 7729ЕМ01

 

Носиров Соҳибназар Абдуназарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатиаш 4467СЕ01

 

Қараев Нуриддин Насриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», рақами қайди давлатиаш 4957ОD01

 

Раҷабов Аҳлиддин Нуриддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 8116НА01

 

  Чунончи қаблан иттилоъ дода будем шаҳрванд Бураков Убайдулло Лутфуллоевич худро «ҷияни генерал» муаррифӣ намуда,  ронандаи мусофирбари тамғаи «Хундай-Старекс»-ро дашномҳои қабеҳ дода ҳамзамон нисбати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ беэҳтиромӣ зоҳир намуда буд, ки нисбаташ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ гардид. Мавриди зикр аст, ки ҳамзамон шаҳрванд Бураков Убайдулло воситаи нақлиёти падарашро бе шаҳодатномаи  ҳуқуқи  ронандагӣ идора мекард. 
  Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки аз руи ҳодисаи бе шаҳодатномаи ҳуқуқи ронангдагӣ идора намудани воситаи нақлиёт нисбати номбурда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ӯ 12500-сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin