• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо таҳдид ва роҳзанӣ гирифтани маблағ ва телефонҳои мобилӣ
Бо таҳдид ва роҳзанӣ гирифтани маблағ ва телефонҳои мобилӣ

Бо таҳдид ва роҳзанӣ гирифтани маблағ ва телефонҳои мобилӣ

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 марди 35-солаи сокини ноҳияи Айнӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-уми августи соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахси номаълум дар кӯчаи Н.Махсум, собиқ бозори “Зарнисор”-и шаҳри Душанбе худашро ронандаи кирокаши шаҳри Ҳисор муаррифӣ намуда, бо ҳамроҳии рафиқонаш ӯро ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” савор карда, бо роҳи байни биноҳои истиқоматӣ ба кӯчаи Зарафшон оварда, лату кӯб намудаанд. Сипас бо корд номбурдаро таҳдид намуда, аз ӯ бо роҳи зӯроварӣ 470-сомонӣ, 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Алкател” ва “Сони Эрексон”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар робита ба ин ҳодиса марди 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 22-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд. 
  Барои муайян ва дастгир намудани ду ҳаммаслаки дигари ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin