Бо роҳи фиреб гирифтани масолеҳи сохтмонӣ

Бо роҳи фиреб гирифтани масолеҳи сохтмонӣ

  Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

  Номбурда, моҳи апрели соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт қарор доштанаш, худро ҳамчун директори ширкати сохтмонии “Диёрсоз” муаррифӣ намуда, бо баҳонаи пешбурди корҳои сохтмонӣ, бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини кӯчаи мазкур, соҳибкор, даромада, аз ӯ 156-тоннаю 748-кг арматурро ба маблағи 149 ҳазору 150-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
  Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
  Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2015 ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсум, назди нотариуси ноҳияи Сино қарор доштанаш, зани 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 26000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin