• Home »
  • Баромадҳо »
  • Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Баррасии масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ дар мулоқот бо фаъолони н. Шоҳмансури шаҳри Душанбе

  Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои ободу зебо гардонидани муҳити атроф, махсусан шаҳри Душанбе, пешгирии падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва гаривидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи симои шаҳр, риоя намудани одоби шаҳрнишинӣ, ки санаи 24 июли соли ҷорӣ дар машварати корӣ бо фаъолони шаҳри Душанбе ироа гардид, бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Раёсат бо фаъолону аҳли ҷамоатчигӣ, аз ҷумла занон, ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳои шаҳракҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  Дар ҷараёни мулоқот сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал – майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон баромад намуда, дар мавзӯи “Баррасии вазъи ҷинояткорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат, сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа” бо нишон додани факту далелҳои дақиқ аз ҷараёни парвандаҳои ҷиноятӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолиби диққат ироа намуд, ки мақбули ҳамагон гардид.

  Номбурда зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷиҳати иҷроиши Қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар якҷоягӣ бо масъулини шаҳрдорӣ ва дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ амалиёти маърифативу профилактикии “ОДОБИ ШАҲРНИШИНӢ” роҳандозӣ карда шуд, ки дар ҷараёни он гурӯҳҳои корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.


  Дар ин замина зикр намуд, ки маҳз дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ падидаҳои ба фарҳангу маданият ва маърифати волои миллати тоҷик доғоваранда, аз ҷумла оворагардию талбандагӣ, савдои кӯчагӣ, риоя накардани талаботҳои санитарию гигиенӣ зимни ба фуруш баровардани маҳсулоти хурока, овезон намудани либос дар пештоқи (балкон) биноҳои баландошёна, риоя накардани пушидани либоси ягона аз ҷониби фурушандагони баъзе аз марказҳои савдо ва бозорҳо дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” бартараф карда шуда, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ боз ҳам ҷоннок карда шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки яке аз масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ балки тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин даст задании ҷавонон ба амалу кирдорҳои зиддиҳуқуқиву ҷиноятӣ, махсусан авбошӣ ва задухурдҳои гурӯҳӣ мебошад, ки Шариф Назарзода дар баромади худ аз сабабу омилҳои ба содиршавии ҷиноят мусоидаткунанда ва роҳҳои пешгирию бартарафсозии он таъкид намуд.

  Аз ин лиҳоз махсусан хотирнишон намудан ба маврид аст, ки дар аксар маврид маҳз бетарафии водидайн ва атрофиён ба амалу кирдорҳои ғайриахлоқии як нафар ҷавон ба содир намудани амалу кирдорҳои зидиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок оварда мерасонад.
  Дар мулоқот аз ҳар як шаҳрванд махсусан он нафароне, ки дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон масъуланд тақозо карда шуд, ки ҷиҳати бартарафнамоии камбудиҳои зикргардида пайваста кӯшиш ба харҷ диҳанд.
  Дар ҷараёни маърӯзаи пурмуҳтавои худ сардори мақомоти милитсияи пойтахт ҳамчунин аз вазъи содирнамоии ҷиноят дар байни ноболиғон изҳори нигоронӣ намуда, афзуд, ки вазъи содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ва иҷро нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамоно ташвишовар боқӣ монда, бо фаро расидани соли нави таҳсил масъулин дар ин самт бояд назоратро бештар кунанд.

  Масъалаи дигари ҳалталаб, ки дар ҷараёни мулоқот ва зимни суханронии сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баррасӣ гардид, ин таҳқими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон, паст намудани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар доираи оила ва муносибатҳои хешовандӣ буд.
  Дар хотимаи мулоқот зикр гардид, ки дар ҳамбастагӣ ва фаъолияти дастаҷамъона метавон барои солимии ҷомеа камари ҳиммат баст ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Шукуров Сироҷиддин
нозири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш. Душанбе
лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin