Садама дар назди бозори Саховат: як нафар ба ҳалокат расида як каси дигар ҷароҳат бардошт

Садама дар назди бозори Саховат: як нафар ба ҳалокат расида як каси дигар ҷароҳат бардошт

  Шоми 29-уми июни соли 2018, тахминан соати 21:15 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, аломати қайди давлатиаш 3280ВК03, Раҷабов Баҳриддин Муродалиевич соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод, ҷамоати деҳоти Гулчашма ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Н.Қарабоев, аз тарафи кӯчаи 50 солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бозори Саховат аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, пиёдагардон Давлатхоҷаев Ҳабиб Мавлонназарович соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Қодиров Сафарбек Саидбекович соли таваллудаш 1964 истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ-ро зада аз пой меафтонад.


  Дар натиҷа бо бардошти ҷароҳатҳои вазнин пиёдагард Ҳабиб Давлатхоҷаеви 37 сола ба ҳалокат расида, пиёдагарди дигар Сафарбек Қодирови 54 сола бо бардошти ҷароҳатҳои вазнин дар Беморхонаи Истиқлол бистарӣ карда шудааст.
  Оиди ҳодисаи мазкур тафтиш идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin