Давоми ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ронандаи маст дастгир гардид

Давоми ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ронандаи маст дастгир гардид

  Баҳри таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.

  Ҳамин тавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 1-ум то 8-уми июли соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 3301 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 21 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт беҳуҷҷати ронандагӣ – 1 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 152 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 133 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 34 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 10 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 95 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 72 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 84 адад;
-Вазъияти хавфнок – 3 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 304 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 8 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 423 адад;
-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1928 адад;
  Мавриди зикр аст, ки гарчанде ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнинтар гардида бошад ҳам, вале ҳануз ҳам ронандагоне ҳастанд, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намуда ба дағалтарин қоидавайронкунии роҳу нақлиёт даст мезананд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад. 
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

  Саидов Беҳрӯз Абдусатторович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 7025СР01

 

  Раҳимов Аъзам Салимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 4510СТ01

 

  Раҳимова Ситора Холалиевна – ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети , рақами қайди давлатиаш 4729ТТ01

 

  Ахмедов Сафараҳмад Тоҳирович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс , рақами қайди давлатиаш 3893DO01

 

  Шарипов Сиёвуш Акрамович – ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Ровер , рақами қайди давлатиаш 5300СТ01

 

  Наимов Фатҳулло Хуршедовис – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3330ЕВ01

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin