Ҳалокати зани шахсияташ номаълум дар садамаи нақлиётӣ

Ҳалокати зани шахсияташ номаълум дар садамаи нақлиётӣ

  23-юми июни соли 2018, тахминан соати 21:20-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Хонда”, Бахтовари Ҳошим, соли таваллудаш 1996, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шероз ба самти Варзишгоҳи шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи бинои муассисаи давлатии “Аҳорун” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ҷинсаш зан, шахсияташ номаълум, тахминан 20-25-соларо пахш намудааст. 

  Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Ронандаи мототсикл Бахтовари Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin