• Home »
  • ХАБАР »
  • Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин
Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

Сафари расмии кормандони милитсияи пойтахт ба Ҷумҳурии мардумии Чин

  Сиёсати хориҷии пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овардааст, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасида мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо вазорату идораҳои дахлдори шарикони стратегӣ ва кишварҳои дуст ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, табодули таҷриба намоянд.
  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикстон, ки бо Ҷумҳурии мардумии Чин расман ҳамчун шарикони стратегӣ шинохта шудаанд, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, ҳамкориҳои стратегии ду кишвари дӯст ва ҳамсояро тақвият медиҳанд.
  Дар баробари дигар соҳаҳо дар замина якчанд Созишномаҳои ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин ба имзо расонида шуда, мулоқоту сафарҳои кории ҳайатҳои расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин ба кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои муборизаи якҷоя бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона дар сатҳи зарурӣ ташкил ва амалӣ карда шудаанд.

  Ҳафтаи сипаришуда дар доираи Протоколи баимзорасида аз натиҷаи гуфтушунид байни Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сафари расмии ҳайати намояндагони милитсияи пойтахт таҳти роҳбарии Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душане генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Суи Ҷумҳурии мардумии Чин сурат гирифт.
  Дар доираи сафари корӣ нахуст гуфтушунид байни ҳайати намояндагон ва роҳбарони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро намояндаи доимии Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Нанкин Ли Мин ӣзи ва ҷонииби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон муаррифӣ намуданд.  Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомотҳои ду кишвар, табодули таҷриба оиди мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, раванди террористиву экстримистӣ дошта, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ, бозомӯзии кормандони милитсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзим даровардани фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

  Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмӣ ва кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ташкил карда мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin