Диққат! Озмуни забономӯзӣ байни ҷавонон

Диққат! Озмуни забономӯзӣ байни ҷавонон

  Байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 35-сола озмуни аз худ намудани забонҳои хориҷӣ барои шахсоне, ки пеш ин забонҳоро азхуд накардаанд, эълон карда мешавад.

  Хоҳишмандон дар Хадамотҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД дар тамоми манотиқи кишвар то 1-уми июли соли 2018 ба қайд гирифта мешаванд. Довталабон метавонанд дар муддати се моҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, немисӣ) машғул шаванд.
  Озмуни забономӯзӣ 1 октябр дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида мешаванд.
  Барои гирифтани маълумоти муфассал хоҳишмандон метавонанд бо телефони 223-23-31 ва почтаи электронииsomona@vkd.tj муроҷиат намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin