Давоми ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ронандаи маст дастгир гардид

Давоми ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе 6 ронандаи маст дастгир гардид

  Баҳри таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзимдаровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир менамоянд.
  Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, яъне аз санаи 18 то 24 июни соли ҷорӣ, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2847 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷумла:
-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 23 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 1 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 95 адад;
-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 114 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 25 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 10 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 84 адад;
-Худсарона баромадан аз хати сайр – 37 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 65 адад;
-Вазъияти хавфнок – 4 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 146 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 6 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 358 адад;
-Ба ҷармагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 1863 адад;
   Мавриди зикр аст, ки гарчанде ҷавобгарӣ барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт вазнинтар гардида бошад ҳам вале ҳануз ҳам ронандагоне ҳастанд, ки талаботи қонуни амалкунандаро нодида гирифта, дар ҳолати мастӣ воситаи нақлиётро идора намуда ба дағалтарин қоидавайронкунии роҳу нақлиёт даст мезананд. Бояд гуфт, ки дар чунин ҳолат идораи нақлиёт ба ҷони худи ронанда ва иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳ хатари ҷиддӣ дар пай дорад.
  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

Баротов Шодибек Ибрагимович – ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай-Туксон, рақами қайди давлатиаш 5000АА07

Амиров Бобоҷон Амирхонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8854DO01

Ҳакимов Амирҳамза Дустмуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Ветра, рақами қайди давлатиаш 3742DD01

Файзов Худоёр Неъматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 8876 EM 01

Ашуров Миралӣ Нуралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 9444АК01

Раҳимов Файзулло Нуруллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 2864НА01

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin