Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

  Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 65-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри 2013, марди 56-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ваъда додааст, ки хонаашро ба маблағи 300.000-доллари амрикоӣ фурӯхта маблағашро медиҳад. 

  Сипас, марди 65-сола дар идораи нотариалии ноҳияи И.Сомонӣ хонаро ба номи марди дар боло зикршуда гузаронидааст, аммо номбурда хонаро фурӯхта, маблағҳояшро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
  Бо ин амали худ ӯ ба ҷабрдида ба маблағи 100.000-доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонидааст. 
  Тафтишот муайян намуд, ки марди тақаллубкор ҳамчунин, ба боварии марди 65-солаи сокини кӯчаи У.Хайёми пойтахт даромада, 127.000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
  Нисбати нафари қаллоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin