• Home »
  • ХАБАР »
  • Қадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар бо ду фарзандаш
Қадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар бо ду фарзандаш

Қадршиносӣ барои аз ғарқшавӣ наҷот додани модар бо ду фарзандаш

  Дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ барои далерию ҷасурӣ, ҷавонмардию иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳамчунин аз марг наҷот додани ҳаёти инсон, шаҳрванд Ҳайтов Дилшод Ҷамахонович аз ҷониби Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, дар вазъияти тантанавӣ бо «Сипоснома» ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.


  Зимнан дар ҷараёни супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ сардори раёсат ба далериву ҷасурии ин ҷавонмарди сокини пойтахт таҳсин гуфта, номбурдаро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуд. Воқеан амалу рафтори ҷавонмардонаи чунин шахсони нотарсу далер боиси ифтихор ва шоистаи таҳсин буда, дар баробари ин дигар шаҳрвандонро низ водор месозад то ки дар нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бетараф набуда, кӯмаки амалӣ ва саҳми арзандаи худро гузоранд.


  Мавриди зикр аст, ки санаи 30-юми апрели соли равон тахминан соати 12-30 дақиқа, як нафар ҷавонзани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки мехост худро бо ҳамроҳии ду фарзанди хурдсолаш ба дарё афканда ғарқ намояд, аз ҷониби шаҳрванд Ҳайтов Дилшод Ҷамахонович соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо ҳисси баланди масъулият ва далериву ҷасурӣ наҷот дода шуд.
  Чунончӣ зимни сӯҳбат Дилшод Ҳайтов иброз дошт, ин модар ду фарзанди ноболиғашро кашолакунон ба соҳили дарёи Душанбе воқеъ дар маҳаллаи Ҳаётинав, шафати маркази савдои «Ёвар»   бурда, қасди худкушӣ ва ба ҳалокат расонидани ду фарзандашро дошт. Ӯ бо дидани ин ҳолат дарҳол бо ҷасуриву далерӣ модар ва ду фарзанди хурдсолашро аз таҳдиди ғарқшавӣ, аз лаби дарёи Душанбе наҷот додааст.

   Бояд гуфт, ки бо ҳисси баланди масъулият, иҷро намудани қарзи инсонию шаҳрвандӣ барои ҳар як нафар амри муҳим ба ҳисоб меравад. Он нафаре, ки бо амалу рафтори накӯи худ ба дигарон кӯмак мерасонад ҳамеша дар ҷомеа ба обурӯ буда, мавриди таҳсини ҳамагон қарор мегирад.
  Дар ин росто Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба итилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Шукуров Сироҷиддин
лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin