• Home »
  • ХАБАР »
  • Қадршиносии марде, ки ба хотири наҷоти ҷавондухтар аз марг пояшро шикаст
Қадршиносии марде, ки ба хотири наҷоти ҷавондухтар аз марг пояшро шикаст

Қадршиносии марде, ки ба хотири наҷоти ҷавондухтар аз марг пояшро шикаст

  Шоми 9 майи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 18.30 дақиқа як нафар ҷавондухтари 18 солаи сокини шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ ба соҳили дарёи Душанбе рафта, худро аз баландии тахминан 3-4 метр ба дохили дарё ғарқ намудааст.


  Тибқи иттилои тафтишот дар ин лаҳза, шаҳрванд Саидасрор Хидиров соли таваллудаш 1966 сокини шаҳри Душанбе, ки ба моҳигирӣ машғул буд, доду фиғони ҷавондухтари ғарқшудаистода ва дар коми марг қарордоштаро шунида, дарҳол барои наҷоти ҷавондухтар ба суи ӯ медавад. Сипас шаҳрванд Саидасрор Хидиров бо нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ худро ба дохили дарё ҳаво дода, ҷавондухтари нияти қасди худкушидоштаро, ки алакай аз ҳуш рафа буд, бардошта ба соҳили дарё баровардааст. Баъдан гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии мақомоти милитсия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, ҷавондухтари 18 соларо ба Беморхона интиқол додаанд. Айни ҳол саломатии ҷавондухтар барқарор карда шуда, чорабиниҳои тафтишотӣ оиди сабаби даст ба худкушӣ задани номбурда идома дорад.
  Мавриди зикр аст, ки зимни худро ба дохили дарё ҳаво додан ва аз марг наҷот додани ҷавондухтар шаҳрванд Саидасрор Хидиров ба саломатиаш зарари ҷиддӣ дида, дар намуди шикасти устухони пои чап ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.


  Санаи 12 майи соли ҷорӣ роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба хотири қадршиносӣ оиди аз марг наҷот додани ҳаёти инсон ва зоҳир намудани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Саидасрор Хидиров ташриф оварда, номбурдаро аёдат намуданд. Зимни суханронии хеш сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон барои анҷом додани чунин кирдори намунавиаш ба шаҳрванд Саидасрор Хидиров аз номи роҳбаряити Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, номбурдаро бо Сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва молӣ қадршиносӣ намуд.


  Дар ин росто Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба итилои шаҳрвандон мерасонад, ки пайваста он шаҳрвандоне, ки бо амалу кирдорҳои худ дар пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат намуда, ба кормандони милитсия кӯмаки амалии худро мерасонанд, қадрдонӣ карда мешаванд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin