• Home »
  • ХАБАР »
  • Рабудани автомашина аз ҷониби духтари ноболиғ
Рабудани автомашина аз ҷониби духтари ноболиғ

Рабудани автомашина аз ҷониби духтари ноболиғ

  Ба ШВКД дар ноҳияи Сино марди 33-солаи сокини кӯчаи Буни Ҳисораки ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми майи соли 2018, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес Бенс”-ро, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд. 
  Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin