Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

  Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 42-солаи сокини деҳаи Қуштеппаи ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд.

  Номбурда, моҳи ноябри соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 32-солаи сокини ш.Панҷакент, даромада, бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 10000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. 
  Ҳамчунин зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 26-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. 
  Номбурда, моҳи июни соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур даромада, аз ӯ 16000-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
  Ҳамин тариқ ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза оид ба ҷинояти қаллобӣ марди 52-солаи сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2016 ҳангоми дар назди меҳмонхонаи “Шератон”-и пойтахт қарор доштанаш, марди 49-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаҳои 170, 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазору 643-доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
  Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin