Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

Ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 67-солаи сокини пойтахт, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2011, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо маслиҳати пешакӣ бо марди 60-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, барои таъмини кафолати қарзӣ ҳуҷҷатҳои ширкати ҶДММ “Сангшикан”, воқеъ дар маҳаллаи Гулбуттаро ба бонки мазкур ба гарав гузошта, тибқи шартномаи қарзӣ маблағи 300 000 доллари амрикоиро гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд. 

  Айни замон гумонбарони ҷинояти қаллобӣ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin