• Home »
  • ХАБАР »
  • Милитсияи пойтахт наздики 50 кг мухаддароти сахттаъсири навъи «Героин»-ро мусодира намуд
Милитсияи пойтахт наздики 50 кг мухаддароти сахттаъсири навъи «Героин»-ро мусодира намуд

Милитсияи пойтахт наздики 50 кг мухаддароти сахттаъсири навъи «Героин»-ро мусодира намуд

  Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт як ҳолати интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро пешгирӣ намуда, аз гумонбаршудагон дар ҳаҷми махсусан калон, наздики 50 кг воситаҳои нашъадори сахттаъсири навъҳои «Героин» ва «Афюн»-ро мусодира намуданд.

  Фурушу интиқоли маводи мухаддир ҳолати ҷиноятиест, ки ба ҳаёту саломатии аҳли ҷомеа таҳдид мекунад. Новобаста аз муборизаи беамони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, назорати пайвастаи вазъи марзу буми кишвар аз ҷониби сарҳадбонон гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо ҳар роҳу восита тариқи қоҷоқ воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди кишвар ворид намуда, мехоҳанд мақсадҳои хатарноки худро амалӣ намоянд.


  Коркарди ахборотҳои оперативӣ ва доир намудани амалиёти саривақтӣ имкон дод, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кӯшиши нашъаҷаллобонро монеъ шуда, ба ҳаракатҳои ҷиноии як гурӯҳи нашъаҷаллобон ва паҳнкунандагони маводи мухаддир нуқта гузоранд.
  Гумонбарони ин ҳолати ҷиноӣ шаҳрванд Шоиков Шодӣ Занҷирбекович соли таваллудаш 1983, Ёрбеков Артур Ёдгорович соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ҳарду зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки бо амалӣ намудани нақшаи ҷиноӣ миқдори калони воситаҳои сахттаъсири нашъадорро ба ҳудуди шаҳри Душанбе ворид намудаанд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шуданд.


  Таҳти назорати оперативӣ қарор додани ҳаракати воситаи нақлиёти тамғаи Нива, аломати қайди давлатиаш 3499АА04, ки миқдори қалони воситаҳои нашъадорро аз шаҳри Хоруғ ба ҳудуди шаҳри Душанбе интиқол дода, дар ҳудуди пойтахт ҳангоми аз автомашинаи мазкур ба дигар воситаи нақлиёт бор намудани 4 адад қуттии картонӣ, бо навиштаҷоти «Шоҳона» гумонбарон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.


  Зимни азназаргузаронии дохили қуттиҳои мусодирашуда, 47 адад бастаҳои селофании ранги зардчатобдошта ошкор ва мусодира карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки вазни умумии маводҳои мусодирашуда 47 килограмму 690 грам буда, миқдори махсусан калони он, аз ҷумла 45 килограмми онро воситаи сахттаъсири навъи «Героин» ва наздики 3 килограмми онро воситаи нашъадори навъи Афюн ташкил медиҳад.

  Кӯшиши нашъаҷаллобон ин навбат бебарор анҷомида кормандони милитсия канали ба ҳудуди пойтахт интиқолдиҳандаи маводи мухаддирро маҳв ва нафарони ба ин ҷиноят алоқамандро муайян карда истодаанд.


 Феълан оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоз карда шуда, гумонбаршудагон Шоиков Шодӣ ва Ёрбеков Артур дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin