• Home »
  • ХАБАР »
  • Маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони милитсия
Маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони милитсия

Маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони милитсия

    Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо оилаву мактаб ва дар ҳамин замина пешгирии муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ ин маротиба дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе маҷлиси падару модарон бо иштироки кормандони милитсия баргузор гардид.
 Дар ҷаласаи падару модарон кормандони дар муаассисаҳои таълимӣ вобастагардида, волидайни муҳассилин ва омӯзгорону маъмурияти муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.


  Дар ҷаласа раванди иҷроиши як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” баррасӣ гардида, мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар ин замина ҳамчунин бо тартиби нақша-чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонону ноболиғон дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои таълимӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои кушод, соати тарбиявӣ ва корҳои профилактикиро амалӣ намуда истодааст.
  Зимни баргузории маҷлиси падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ, кормандони милитсия бо намоиш додани филми мустанад дар бораи содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонону ноболиғон, доир ба масъалаҳои доғи рӯз аз қабили оворагардӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, дуздиву ғоратгарӣ махсусан бемасъулиятии баъзе аз волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд бо овардани факту рақмҳои дақиқ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар давоми 4-моҳи соли равон ҷиҳати бемасъулияии волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2490 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гардидааст.


  Мавриди зикр аст, ки гарчанде аз қабули қонуни мазкур чандин сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ҳамоно баъзе аз падару модароне ҳастанд, ки муқаррароти ин қонунро нодида гирифта, ба таълиму тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ мекунанд, ки ин омил оқибат ба сар задании қонуншиканиву ҷиноятҳои гушношунид меанҷомад.
  Мутаасифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намудан, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.


  Дар ин росто муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри ояндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
  Мавриди зикр аст, кормандони ба муассисаҳо вобастагардидаи милитсияи пойтахт рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта дар як қатор донишгоҳҳои олии кишвар ва тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мулоқоту сӯҳбатҳо ва соати тарбиявӣ баргузор намуданд, ки ин иқдом барои пешгирӣ ва решакан намудани омилҳои мусоидаткунанда ба содиршавии қонуншиканӣ дар байни аҳолӣ махсусан ҷавонону ноболиғон мусоидат хоҳад намуд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin